- бех
- [بيخ]1. решаи асосии наботот2. маҳсули танаи асосии сабзавоти бехмева: бехи сабзӣ, бехи пиёз; бех бастан ҳосил андохтан (-и сабзӣ, пиёз ва дигар сабзавот)3. воҳиди ҳисоби ниҳолу растанӣ, дарахт4. маҷ. асос, асл, бунёд: беху бунёд, аз беху бун5. бот. решаи як навъ растанӣ, ки вақти дар об ҷӯшонда лакондан аз шираи он кафк ҳосил мешавад ва ин кафк дар ҳалвогарӣ (мас., нишаллопазӣ) ба кор меравад; бехи бинӣ тагӣ банӣ; бехи дандон таги дандон; аз бехаш а) тамоман, комилан; б) аз манбааш; аз маншааш; аз бех кандан чизеро // решаи чизеро аз бехаш кандан а) бо решааш кандан (дарахтеро); б) маҷ. чизеро аз асосаш нобуд кардан, тамоман маҳв кардан◊ беху бунёди чизеро (касеро) кандан тамоман несту нобуд кардан, аз байн бурдан чизеро ё касеро; бехи чизе (касе)-ро сӯхтан // оташ ба бехи чизе задан чизеро ё касеро несту нобуд кардан, тамоман аз байн бурдан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.